ABNA24 : Фату Бенсуда (Fatou Bensouda), додситони Девони байналмилалии кайфарӣ декабри 2019 гуфта буд, далоили мантиқӣ вуҷӯд дорад, ки нишон медиҳад ҷиноёти ҷангӣ дар Каронаи бохтарӣ, аз ҷумлаи Қудси шарқӣ ва навори Ғазза рух дода ё дар ҳоли рух додан аст. Пас аз он буд, ки аз қозиҳои Девони байналмилали кайфарӣ хоста шуд, қабл аз оғози таҳқиқоти расмӣ ҳукм диҳанд, ки оё ин мавзӯ дар салоҳияти қазоии додгоҳ ҳаст ё на.
Акнун қозиҳои Девони байналмилали кайфарӣ ҳукм додаанд, ки расидагӣ ба вазъияти манотиқе, ки аз соли 1967 ба ишғоли Исроил даромада, яъне Ғазза, Каронаи бохтарӣ ва низ Қудси Шарқӣ, ҷузви ихтиёрот ва салоҳиятҳои ин ниҳоди байналмилалӣ аст. Бар асоси қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, марзҳои 1967 марзи Фаластин башумор меравад ва шаҳраксозӣ ё фаъолияти режими саҳюнистӣ дар ин заминҳо номашрӯъ ва ғайриқонунӣ аст, аммо режими саҳюнистӣ ин мавзӯро нодида мегирад.
Девони байналмилали кайфарӣ дар соли 2002 барои расидагӣ ба ҷинояти ҷангӣ, ҷурм алайҳи башарият, наслкашӣ ва ҷиноёти дигаре монанди таҷовузҳои ҷинсӣ дар ҷангҳо барпо шудааст, аммо режими Исроил ба он напайваста ва онро ба расмият намешиносад. Ҳукми кунунии девон низ хашми мақомоти Исроилро барангехтааст ба тавре, ки Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба он, девонро ба сиёсикорӣ муттаҳам кардааст. Ин хашм аз он ҷиҳатаст, ки мумкин аст дар натиҷаи таҳқиқот ва ҳукми Девони байналмилалии кайфарӣ бисёре аз масъулони аршади режими саҳюнистӣ бо иқдомоти кайфарӣ ва ҳатто қарори боздошт рӯба рӯ шаванд.
Акнун Девони байналмилалии кайфарӣ дар ҳоле қарор аст расман таҳқиқоти комилеро дар бораи ҷиноятҳои исроилиҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластин дар Ғазза, Каронаи бохтарӣ ва Қудси Шарқӣ оғоз кунад, ки фаластиниён солҳо аст шоҳиди таҷовузи исроилиҳо ба молу ҷон ва сарзаминшон ҳастанд. Аз ин ҷиҳат вурӯди Девони байналмилалии кайфарӣ ба ин мавзӯ, пирӯзии бузурге барои фаластиниён маҳсуб мешавад. Бо ин ҳол бим он меравад, ки Амрико ва муттаҳидони Исроил аз ҳамаи абзорҳои худ барои фишор овардан бар раванди таҳқиқоти ин девон истифода кунанд ва дар ниҳоят, натиҷаи дилхоҳи фаластиниён ҳосил нашавад.
342/